Ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишӣ дар Восеъ
Душанбе, 16.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Пагоҳ,17-уми май дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ мусобиқаҳои ноҳиявӣ, ки миёни варзишгарони наврас барои дарёфти Ҷоми барандаи ҷоизаи ИЖТ ба номи А. Лоҳутӣ, нависанда Садриддин Ҳасанзода тӯли як ҳафта ҷараён доштанд, ҷамъбаст мегарданд.
Дар мусобиқаи мазкур, ки аз рӯи намудҳои футбол, волейбол ва тенниси рӯи миз баргузор шуд, варзишгарони риштаи волейболи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор ва Восеъ иштирок намуданд.
Ғолибони мусобиқа бо мукофотҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи футбол ва ифтихорномаҳои ИЖТ қадрдонӣ хоҳанд шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






