Ҷамъбасти озмун барои мусаввирони беҳтарин
Душанбе 22.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон зери унвони “Тоҷикистон — кишвари ҷавонон” Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии Маркази кўдакон ва наврасони щаҳри Душанбе дирӯз дар МД “Маркази эҷодии кўдакону наврасони шаҳри Душанбе” ҷамъбасти озмуни мусаввирони ҷавон таҳти унвони “Тоҷикистон-кишвари азизам” ва ташкили намоишгоҳи онро доир кард.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, озмуни мазкур миёни мусаввирони наврас ва ҷавон бо мақсади дарёфт намудани беҳтаринҳо ва боистеъдодтаринҳо дар риштаи санъати тасвирӣ амалӣ гардид.
Дар озмуни мазкур муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва миёнаи умумии кишвар ва таълимгирандагони Муассисаи давлатиии кўдакон ва наврасони пойтахт иштирок доштанд.
Ғолибон ва беҳтаринҳо дар ин ришта, 5 нафар бо диплому туҳфаҳо ва 7 нафар бо туҳфаҳои хотиравии кумита қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






