Ҷамъбасти озмуни «Мақолаи беҳтарин» дар Рӯзи ҷавонон

Май 24, 2014 10:03

Душанбе, 24.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани неруҳои зеҳнӣ, ҷалби донишҷўёну муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмию амалӣ дар соҳаи туризм озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» дар мавзўи «Тоҷикистон- кишвари туризм» бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистонро доир намуд, ки он дирӯз дар «Кохи Ҷомӣ» ҷамъбаст гардид.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, мақолаҳое, ки ба озмун пешниҳод гардидаанд, васфи сарзамини Тоҷикистонро дар бар гирифта, баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон ва ваҳдату дўстӣ мусоидат менамоянд. Бо назардошти фикру андешаҳои пешниҳодшуда ва дар асоси хулосаи доварон, бо бартарияти мазмуну муҳтаво, масъалагузорӣ ба соҳа ва ба талаботи озмун ҷавобгў будани онҳо:ҷои аввал ба мақолаи- “Рушди туризми экологӣ дар Тоҷикистон” муаллиф-Абдуллоев З.А.-муаллими калони кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ҷойи дуюм ба мақолаи «Тоҷикистон — кишвари сайёҳии ояндадор”, муаллиф- Темур-Малик Абдусатторов, донишҷўи бахши 3-юми факултаи тиббии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино, ду ҷойи сеюм ба мақолаҳои — «Тоҷикистон кишвари туристӣ», муаллиф- Момаҷон Расулова, донишҷўи курси якуми факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва «Тоҷикистон-кишвари сайёҳӣ» муаллиф-Бибимо Сафармамадова, Мутахассиси соҳаи меҳмоннавозӣ ва «Тоҷикистон- кишвари туризм»-муаллиф Умеда Султонмамадова, аспиранти Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дода шуд. Мукофотҳо ба ғолибони озмун аз ҳисоби «Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014» тақдим шуданд.

Май 24, 2014 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд