Ҷамоати деҳоти «Лоиқ Шералӣ» обод мешавад

Май 24, 2014 10:56

         Панҷакент, (АМИТ«Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Солҳои охир корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ дар маркази ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот хуб ҷараён доранд. Раиси ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент  Анзурат Аёзова зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки:
 — Дар ҳақиқат симои деҳоти ҷамоати мо сол аз сол ободу зеботар гардида, маркази он ба шаҳраки сарсабзе табдил ёфтааст.  Ин, албатта, тавассути меҳнати созандаи сокинони ин ҷамоат ба даст омадааст.   Манбаи ҳама пешравиҳои мо, бешубҳа, меҳнати фидокоронаи аҳолии ҷамоат ва фаъолияти маҳаллаҳост.  Аз ҷониби дигар он дар асоси  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи  худидораи шаҳрак  ва деҳот»  сурат мегирад.
   Бояд гуфт,  ки дар ҳудуди ҷамоат то имрӯз  5000 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда  ва сояафкан шинонида шуда, 600 гектар боғи нав барқарор гардида, ҷӯю заҳбурҳо ва  ҷойҳои ноҳамворро  ҳамвор  ва роҳҳои мошингузарро тоза кардем.  Хонаҳои мардум низ  тарҳи меъмории худро рӯз аз рӯз беҳтар месозанд.
    -Вақтҳои охир тамоми маросимҳо дар ҳудуди ҷамоат муташаккилона,  бе дабдаба  ва камхарҷ гузаронида мешаванд.  Бо вуҷуди ин  корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат дода,  назди худ  вазифа  гузоштаем,  ки  сатҳи  камбизоатиро дар  ҷамоатамон  пасттар  намуда,  рӯзгори мардумро беҳтар намоем,-афзуд раиси ҷамоат Анзурат Аёзова. 

Май 24, 2014 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст