Ҷамоати деҳоти «Лоиқ Шералӣ» обод мешавад
Панҷакент, (АМИТ«Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-Солҳои охир корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ дар маркази ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот хуб ҷараён доранд. Раиси ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Анзурат Аёзова зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки:
— Дар ҳақиқат симои деҳоти ҷамоати мо сол аз сол ободу зеботар гардида, маркази он ба шаҳраки сарсабзе табдил ёфтааст. Ин, албатта, тавассути меҳнати созандаи сокинони ин ҷамоат ба даст омадааст. Манбаи ҳама пешравиҳои мо, бешубҳа, меҳнати фидокоронаи аҳолии ҷамоат ва фаъолияти маҳаллаҳост. Аз ҷониби дигар он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидораи шаҳрак ва деҳот» сурат мегирад.
Бояд гуфт, ки дар ҳудуди ҷамоат то имрӯз 5000 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шуда, 600 гектар боғи нав барқарор гардида, ҷӯю заҳбурҳо ва ҷойҳои ноҳамворро ҳамвор ва роҳҳои мошингузарро тоза кардем. Хонаҳои мардум низ тарҳи меъмории худро рӯз аз рӯз беҳтар месозанд.
-Вақтҳои охир тамоми маросимҳо дар ҳудуди ҷамоат муташаккилона, бе дабдаба ва камхарҷ гузаронида мешаванд. Бо вуҷуди ин корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат дода, назди худ вазифа гузоштаем, ки сатҳи камбизоатиро дар ҷамоатамон пасттар намуда, рӯзгори мардумро беҳтар намоем,-афзуд раиси ҷамоат Анзурат Аёзова.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






