Ҷашни 20- солагӣ муборак, сарҳадбонон!
Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ иттилоъ доданд, мувофиқи нақшаи чорабинӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ чорабинии низомию варзишӣ баргузор мегардад. Бо ин мақсад нимаи аввали рӯзи 26 майи соли равон дар майдони Дӯстии пойтахт гузашти низомии ҷузъу томҳои гарнизонҳои Душанбе пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои сарчашма, дар он беш аз 10 ҳазор хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амният ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок хоҳанд кард.
27 май барои афсарону сарбозон дар Кохи Ваҳдати пойтахт консерти идона бо иштироки ситораҳои эстарадаи тоҷик доир хоҳад гашт.
28 май барои муҳофизони ватан дар гарнизонҳо дастархони идона густурда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






