Ҷилавгирии нашъамандии байни донишҷӯён
Душанбе, 07.05.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас Темурзода). — Чанде пеш мутахассисони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Прензиденти ҶТ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо донишҷӯён мулоқот анҷом доданд, ки дар он намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оилаи Ҳукумати шаҳри Душанбе, муассисаи давлатии «Маркази худшуурнокии занони шаҳри Душанбе», Маркази солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ, Маркази ҷумҳуриявии иттилоот ва ҷараёнҳои ҷавонон ширкат доштанд.
Назар ба хабари маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари ҶТ, дар ҷараёни мулоқот масоили нашъамандӣ, сирояти вирусҳои ВИЧ/СПИД, гепатит (қубод) – и С, ҷинояткориҳои байни наврасон муҳокима шуданд.
Дар анҷоми мулоқот донишҷӯён ба саволҳояшон посухҳои муфассал гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки дар Донишгоҳи техникии ба номи Осимӣ ва Ҳукумати ноҳияи Варзоб низ чун вохӯриҳо баргузор шуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






