Ҷорӣ намудани усулҳо ва шаклҳои муосири идораи сифат
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — Имрўз дар Агентии “Тоҷикстандарт” бо ҷалби коршиносони олмонӣ, мутахассисони соҳавӣ ва иштироки доираи васеи соҳибкорон-истеҳсолкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ машварат дар мавзўи “Низоми бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар асоси ХААСП” доир гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ пеш аз ҳама ба истеҳсолкунандагон фаҳмонидани манфиатҳои ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва дар ин замина риояи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, фурўш ва интиқоли он мебошад.
Дар Агентии “Тоҷикстандарт” ба мухбири АМИТ “Ховар” гуфтанд, ки бо назардошти узви Созмони умумиҷаҳонии савдо будани Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи стандартҳои байналмилалӣ ба корхонаҳои ватанӣ имкон фароҳам меорад, ки маҳсулоти босифату ба рақобати бозори ҷаҳонӣ тобовар истеҳсол намуда, дар баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат саҳм гузоранд.
Машварати мазкур бо назардошти татбиқи “Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015» бо мақсади фароҳам овардани шароит ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, фаровон намудани бозори истеъмолӣ бо молҳои босифат, бехатар ва аз ҷиҳати энергетикӣ самаранок роҳандозӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки Агентии “Тоҷикстандарт” тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони ватанӣ дар истеҳсолоти саноатӣ усулҳо ва шаклҳои муосири идораи сифат, солимгардонии муҳити зист ва сарфаҷўии захираҳои моддию энергетикӣ низоми идораи сифатро дар корхонаҳои истеҳсолии мамлакат аз рўи меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ISO 9001:2008 (Системаи менеҷменти сифат), ISO 14001:2004 (Системаи менеҷменти экологӣ), ISO 16001:2009 (Системаи менеҷменти энергетикӣ), OHSAS 18001:2007 (Системаи менеҷменти махсуси бехатарӣ ва саломатӣ), ХАССП (Системаи бехатарии санитарӣ-гигиенӣ) ва амсоли инҳо ҷорӣ намояд.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






