Ҷорӣ намудани усулҳо ва шаклҳои муосири идораи сифат

Май 21, 2014 14:43

Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — Имрўз дар  Агентии “Тоҷикстандарт” бо ҷалби коршиносони олмонӣ, мутахассисони соҳавӣ ва иштироки доираи васеи соҳибкорон-истеҳсолкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ машварат дар мавзўи “Низоми бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар асоси ХААСП” доир гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ пеш аз ҳама ба истеҳсолкунандагон фаҳмонидани манфиатҳои ҷорӣ намудани низоми менеҷменти сифат тибқи стандартҳои байналмилалӣ  ва дар ин замина риояи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ дар раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, фурўш ва интиқоли он мебошад.
Дар Агентии “Тоҷикстандарт” ба мухбири АМИТ “Ховар” гуфтанд, ки бо назардошти узви Созмони умумиҷаҳонии савдо будани Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи стандартҳои байналмилалӣ ба корхонаҳои ватанӣ имкон фароҳам меорад, ки маҳсулоти босифату ба рақобати бозори ҷаҳонӣ тобовар истеҳсол намуда, дар баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат саҳм гузоранд.  
Машварати мазкур бо назардошти татбиқи  “Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015» бо мақсади фароҳам овардани шароит ҷиҳати  истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ,  фаровон намудани бозори истеъмолӣ бо молҳои босифат, бехатар ва аз ҷиҳати энергетикӣ самаранок роҳандозӣ шудааст. 
Бояд гуфт, ки Агентии “Тоҷикстандарт” тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони ватанӣ дар истеҳсолоти саноатӣ усулҳо ва шаклҳои муосири идораи сифат, солимгардонии муҳити зист ва сарфаҷўии захираҳои моддию энергетикӣ низоми идораи сифатро дар корхонаҳои истеҳсолии мамлакат аз рўи меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ISO 9001:2008 (Системаи менеҷменти сифат), ISO 14001:2004 (Системаи  менеҷменти экологӣ), ISO 16001:2009 (Системаи менеҷменти энергетикӣ), OHSAS 18001:2007 (Системаи менеҷменти махсуси бехатарӣ ва саломатӣ), ХАССП (Системаи бехатарии санитарӣ-гигиенӣ) ва амсоли инҳо ҷорӣ намояд. 
 
 

Май 21, 2014 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд