150 нафар донишҷӯй пешхизмат мешавад
Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Тавре ки маълум аст, 11-12 сентябри соли 2014 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе вохўрии навбатии сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор хоҳад гардид.
Аз ин рў бо ибтикори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон барои пазироӣ ва хизматрасонӣ дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Ҳамкориҳои Шанхай ва намояндагони ин созмони бонуфузи дунё омодагиҳо ҷараён доранд.
Бино ба иттилои сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятии дастгоҳи марказии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Рустамҷон Умаров, барои дар сатҳи касбӣ пазироӣ намудани меҳмонон, аз ҳисоби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо теъдоди 150 нафар ҷавондухтару ҷавонписар, аз ҷумла 110 нафар донишҷӯи Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон, 20 нафар аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва 20 нафар аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба муҳлати 2 моҳ барои омӯзиши касби пешхизмат дар Маркази мазкур ба омўзиш фаро гирифта шудаанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






