18 май — Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бахшида ба Рӯзи осорхонаҳо, ки 18 май ҷашн гирифта мешавад, дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносии ба номи Абӯабдулло Рӯдакии шаҳри Панҷакент имрӯз бо иштироки наврасон маҳфили саволу ҷавоб бо номи «Кӣ дуруст ҷавоб медиҳад?» доир гардида, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии роҳбарияти осорхона сарфароз гардиданд. 16 май бо ширкати донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Саразм сарзамини аҷдодист» баргузор мегардад.
Инчунин рӯзи 17 май бо иштироки собиқадорону кормандони муассиса чорабинии идона доир гардида, ба 11 нафар собиқадори соҳа мукофоту туҳфаҳои роҳбарият супорида мешаванд.
Аз ҷониби кормандони илмии ин осорхона рӯзи 18 май барои тамошобинон сайри осорхона гузаронида мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз ғолибони озмуни «Беҳтарин осорхонаи мактабӣ» муайян гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мегарданд. Дастури методии «Роҳҳои амалигардонии таълим дар осорхона» низ дастраси ширкаткунандагон мегардад.
Инчунин дар назар аст, ки бахшида ба рӯзи Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо 18 май дар Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ мизи мудаввар доир шуда, дар он масъалаи робитаҳои Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бо осорхонаҳои ҷаҳон ва кишварҳои Скандинавия (Норвегия) мувофиқи созишномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Норвегия матраҳ гарданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






