18 май — Рӯзи дави миллӣ
Душанбе, 13.05.2014. (АМИТ «Ховар). – Имсол дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ 18 май баргузор мешавад.
Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳар сол рӯзи дав дар ҳошияи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари кишвар роҳандозӣ мешавад.
Дар шаҳри Душанбе иштирокдорони дав мусобиқаро аз маҳаллаи «Чорбоғ» — и ноҳияи Варзоб оғоз намуда, онро дар «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт анҷом медиҳанд.
Иштироккунандагони дави миллӣ аз рӯи анъана масофаҳои 3,5 ва 10 километрро тай мекунанд. Дар дави миллӣ намояндагони ҳамаи гурӯҳи аҳолӣ аз роҳбарони вилояту ноҳияҳо то кӯдакони хурдсол иштирок намуда, ғолибони он бо мукофотҳо қадр карда мешаванд.
Хотирнишон месозем, ки дави миллӣ бо дастури Президенти Тоҷикистон сар аз соли 2007 моҳи май дар ҳамаи ноҳияю шаҳрҳои кишвар баргузор мегардад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






