25 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз ҶТ берун карда шуд

Май 6, 2014 11:22

Душанбе, 06.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт ва бо назардошти бурдани назорати доимӣ дар давоми фаъолияти семоҳаи кормандони Хадамоти муҳоҷират, барои вайрон кардани қоидаҳои будубош нисбат ба 59 нафар шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ (соли 2013 — 208) тартиб дода шуда, аз ин миқдор 25 (соли 2013 — 131) нафар бо қарорҳои судӣ аз қаламрави ҷумҳурӣ берун карда шуданд. Дар баробари анҷом додани корҳои муайяни Хадамоти муҳоҷират, субъектҳои хоҷагидор вазифадоранд, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатӣ дар Тоҷикистон дар корхонаву ширкатҳои худ 80%-и кормандонро аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд. Тавре ки аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд, мақсади танзими раванди муҳоҷират, беҳтар намудани шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар, бахусус дар Федератсияи Русия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ҷустуҷӯи бозори иловагии меҳнат, баланд бардоштани сатҳи касбомӯзии муҳоҷирони меҳнатӣ, вусъати равобит бо ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат, инчунин оид ба назорати риояи қонунгузории миллӣ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ буда, хадамот дар ин самт тадбирҳои саривақтӣ меандешад.

Май 6, 2014 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд