600 ҳазор сомонӣ-ҳадяи Президент ба бонувон-хизматчиёни низомӣ
Душанбе, 28.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 600 нафар бонувон-хизматчиёни сохторҳои қудратии кишвар, ки дар гузашти низомӣ бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд, ба маблағи 1000 сомонӣ, муодил ба 200 $ (дар маҷмӯъ 600 ҳазор сомонӣ) тақдим карда мешавад. Ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, он дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба истиқболи 20-умин солгарди таъсиси неруҳои марзбонии кишвар, ки 27 май дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт доир гардид, аз ҷониби Сарвари давлат ироа шуд. Ин иқдом аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлат нисбат ба бонувон- хизматчиёни сохторҳои қудратии кишвар шаҳодат медиҳад. Мавриди зикр аст, ки дар гузашти низомии бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси неруҳои марзбонии кишвар, ки рӯзи 26 май дар майдони «Дӯстӣ» баргузор гардид, 10 000 нафар афсару сарбози ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар ширкат намуд, ки аз он 600 нафарашро бонувон ташкил доданд. Ҳамзамон дар ин гузашти низомӣ беш аз 100 адад техникаи зиреҳпӯш ва мошинҳои ба таври махсус муҷаҳҳаз, ҷузъу томҳои аспсавор ва сагҳои хизматӣ, ки дар амалӣ намудани фаъолияти назоратии марзбонон нақши муассир мебозанд, ширкат намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






