А. Қодирӣ: Хона ва мошин ба барандаи медали тиллоӣ

Май 22, 2014 11:13

Душанбе, 22.05.2014. (АМИТ «Ховар, Мавҷуда Анварӣ). -Дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и вилояти Суғд бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон чорабинии идонаи бошукӯҳ баргузор гардид. А. Қодирӣ гуфт, таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола 23 май барпо мегардад, дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастовардҳои азими меҳнатии аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки ба сӯи ояндаи неку дурахшон қадамҳои боэътимод мегузоранд, нақши муниру барҷаста дорад.Абдураҳмон Қодирӣ инчунин аз нақши варзишгарони номии вилояти Суғд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ шарафи Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд, ситоиш намуд. Ӯ гуфт, бо мақсади ҳавасмандкунии варзишгарон барандагони медалҳои Бозиҳои олимпӣ, ки соли 2016 дар Рио-де-Женейрои Бразилия доир мегарданд, бо туҳфаҳои арзанда қадршиносӣ мешаванд. Аз ҷумла, барандаи медали тиллои олимпиадаи Рио-де-Женейро соҳиби хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ ва мошини сабукрави «Toyota Camry», барандаи медали нуқра соҳиби хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ ва барандаи медали биринҷӣ дар ин олимпиада соҳиби мошини сабукрави «Toyota Camry» мегардад.Дар ин рӯз ҳамчунин ба иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ гувоҳномаҳо ва ба гирандагони стипендияҳои раиси вилоят идрорпулиҳо супорида шуданд.

Май 22, 2014 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад