А.Бобров: «Мо ҷонибдори ҳамкорӣ бо СҲШ ҳастем»
Душанбе, 15.05.2014. (АМИТ «Ховар, Лайло Тоирӣ). — «Созмони мо ҷонибдори ҳамкорӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай аст. Мо мушкилотеро, ки бинобар ихроҷи қӯшунҳои эътилофи ҳарбӣ аз Афғонистон ба миён хоҳад омад, дарк менамоем. Ин мушкилот бо дарназардошти сарҳади тӯлоние, ки муҳофизати он душвориҳоро ба миён меорад, дар навбати аввал ба Тоҷикистон дахл дорад», — гуфт зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мушовири раёсати хамкории сиёсии СААД Александр Бобров.
Хотирнишон месозем, ки 14 — 15 майи соли 2014 дар шаҳри Душанбе Конфронси илмию амалии байналмилалии «Созмони Ҳамкории Шанхай дар таъмини амнияти минтақа: масоил ва дурнамо» доир гардида, дар он Александр Бобров дар мавзӯи «Фаъолияти СААД барои таҳкими амнияти минтақа» маърӯза кард.
«Созмони мо барои расонидани кӯмак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон саъю кӯшиш менамояд. Имрӯз мо нуқтаи назарамонро дар мавриди ҳалли масоили сиёсӣ дар ҳошияи ҳамкориамон баён кардем. Ба назари мо СҲШ ва СААД бояд дар Осиёи Марказӣ мақоми асосӣ дошта бошанд. Бинобар ин мо барои рушду густариш ёфтани ҳамкориамон саъю кӯшишҳоро дареғ намедорем», — афзуд мушовири Раёсати ҳамкории сиёсии СААД.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






