А. Миралиев бо «Ифтихорнома»-и КБСС сарфароз гардид
Душанбе, 27.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Амиршо Миралиев барои густариши муносибатҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх /КБСС/ бо «Ифтихорнома»-и КБСС сарфароз гардид. Ифтихорномаро ба Амиршо Миралиев дар маросими расмӣ Кристин Бирли — муовини Президенти КБСС, ки дар Душанбе қарор дорад, супорид. Зимни мулоқоте, ки баъд аз маросими супоридани «Ифтихорнома» байни Амиршо Миралиев ва Кристин Бирли сурат гирифт, мусоҳибон масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ниҳоди байналмилалиро матраҳ намуданд.
Амиршо Миралиев аз фаъолиятҳои густурдаи КБСС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қанотмандӣ намуда, таъкид кард, ки КБСС дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мавқеи худро қариб дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон тақвият бахшидааст.
Муовини Президенти КБСС Кристин Бирли аз сатҳи ҳамкориҳои кумитаи мазкур бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, хотирнишон сохт, ки байни ҶумҳурииТоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳанӯз тамоми имконоти мавҷудаи равобит мавриди истифода қарор нагирифтаанд ва мо умедвор ҳастем, ки ин мулоқот саҳифаҳои ҳанӯз бознашударо дар китоби таърихи равобит боз хоҳанд кард. Кристин Бирли таъкид кард, ки аз тамоми имконот ва шароити мавҷудаи корӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






