Ахбори дохили кишвар дар чанд сатр

Май 29, 2014 16:26

 
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Манома, пойтахти Мамлакати Баҳрайн бо раисони ҳарду палатаҳои Парлумони ин кишвар оид ба масоили вобаста ба ҳамкории байнипарлумонӣ,  таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии робитаҳои ду кишвар ва роҳҳои татбиқи босамари санадҳои нави баимзорасида мулоқотҳои судманд анҷом дод.
+++++++++++++++++++++
Имрўз дар мулоқоти  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Мамлакати Баҳрайн Холид ибни Абдурраҳмон ал-Муаййд масоили вобаста ба ташкили шароити ҳамкорӣ миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар  ва густариши робитаҳои минбаъдаи онҳо баррасӣ шуданд.
+++++++++++++++++++++
Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Таҷрибаи дунявият дар давлатдории муосири кишварҳои исломӣ» конфронси илмӣ баргузор гардид.
+++++++++++++++++++++
28  май  дар  шаҳри Ланчжоуи  музофоти  Гансуи Ҷумҳурии Мардумии  Чин  бахшида  ба эҳёи  Роҳи  бузурги  абрешим  ҳамоиши  Муколамаи  кишварҳои Осиё  баргузор гардида, иштирокдорони  он  мақоми  муколама дар эҳёи Роҳи абрешимро мавриди  муҳокима  қарор  доданд.
+++++++++++++++++++++
5 июн дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист таҷлил мегардад. Меҳвари таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе майдони назди “Наврӯзгоҳи пойтахт” буда, дар ин ҷо чорабиниҳои гуногуни шаҳрдорӣ гузаронида мешаванд. 
+++++++++++++++++++++
Дирӯз кормандони мақомоти корҳои дохилӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда 37 килограмм маводи нашъаоварро мусодира карданд. 
+++++++++++++++++++++
 
«Вақтҳои  охир  ҳаҷми   муомилоти  солонаи   мол байни Тоҷикистону Чин  беш  аз 2  миллиард  долларро ташкил  медиҳад», — гуфт  муовини раиси Палатаи  савдо  ва  саноати Тоҷикистон Асаналӣ  Карамалиев  зимни  мулоқоти соҳибкорони  музофоти  Шэнсии Чини  Ғарбӣ ва Тоҷикистон 28  май  дар  шаҳри  Душанбе.
+++++++++++++++++++++
Имрӯз  дар  шаҳри  Душанбе  конфронси  илмию  амалии  Осиёи  Марказӣ  дар  мавзӯи «Вазъу  масоили   бахши  истеҳсоли  гандум  дар  шароити  тағйири  иқлим» бо мақсади шиносоӣ бо  вазъи истеҳсоли  гандум,  омӯзиши  таҷрибаи  Қазоқистон  ва  кишварҳои  Осиёи  Марказӣ  ба    кор  оғоз кард.
+++++++++++++++++++++
Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати ишғоли вазифаҳои директорони боғҳои фарҳангу фароғатии «Айнӣ» ва «Кӯли ҷавонон»-и пойтахт  озмун эълон намуд, ки он аз 28  май  то 27  июни  соли 2014  давом мекунад. 
+++++++++++++++++++++
 Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун дар мавзӯи “Шахсияти Мирзо Турсунзода ва замон» маҳфили адабӣ  баргузор гардид. 
 
 
 

Май 29, 2014 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад