Анҷумани тиҷоратии Лаҳистону Тоҷикистон
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар ҳошияи ҷаласаи 1У Комиссияи байниҳукуматии Лаҳистону Тоҷикистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ҳамчунин Намоишгоҳ — ярмаркаи ҳарсолаи байналмилалии «ИНТЕРЛЕГПРОМ — 2014» 6 июн дар шаҳри Душанбе анҷумани тиҷоратии Лаҳистону Тоҷикистон бо иштироки ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматии Лаҳистону Тоҷикистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва сохторҳои тиҷоратии Лаҳистону Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Анҷумани тиҷоратӣ бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва мусоидати Сафорати Лаҳистон дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.Дар ҷараёни ин чорабинӣ имконияти баланд бардоштани сатҳи гардиши мол бо василаи рушди ҳамкории соҳибкорони ҳар ду кишвар дар бахшҳои нақлиёт, неруи барқ, сохтмон, кишоварзӣ, байторӣ, тандурустӣ, ҷалби сармояҳои Лаҳистон ба кишвар, бунёди корхонаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор мегирад.Дар кори анҷуман муовини раиси Палатаи иқтисодии Лаҳистон Марек Клочко иштирок менамояд. Дар ҷараёни фаъолияти анҷуман намояндагони корхонаҳои Лаҳистону Тоҷикистон гуфтушунидҳои дуҷониба анҷом дода, бахшҳои нави ҳамкорӣ барои истифодаи судманди неруи ҳамкории дуҷонибаро муайян мекунанд.Ҳайати Лаҳистон ҳамчунин дар кори Намоишгоҳ -ярмаркаи ҳарсолаи байналмилалии «ИНТЕРЛЕГПРОМ — 2014», ки аз 4 то 7 июн дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад, иштирок менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






