Аудиторҳо оид ба амалиёти шубҳанок иттилоъ ироа менамоянд
Душанбе, 30.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Минбаъд аудиторҳо уҳдадоранд, ки доир ба аҳд ва амалиёти шубҳанок ба мақомоти ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда ва маблағгузории терроризм, ки дар натиҷаи гузаронидани фаъолияти аудиторӣ ошкор мешаванд, иттилоъ диҳанд. Дар ин росто 30 май палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» иловаҳо ворид намуд.
Ҷамшед Юсуфиён -муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Сафаралӣ Гулов- муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи қонуни мазкурро дар назди вакилони Парлумон тавзеҳ доданд. Зикр шуд, ки иловаҳо ба қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои тавсияҳои гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ, муқовимат ба софкории пул (ФАТФ), нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардони қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ, инчунин «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгуии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015» таҳия шудааст.
Тоҷикистон баъд аз узвият ба гурӯҳи АвруОсиёии татбиқи чорабиниҳои молиявии муқовимат ба софкории пул қонуни соҳавиро қабул намуда, ҳамзамон як силсила санадҳои қонунгузориро ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намуд. Лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти стандартҳои гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ ба софкории пул омода гардида, қабули он ба тақвияти низоми муқовимат ба софкории пул ва мубориза ба маблағгузории терроризм нигаронида шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






