Ба Муродзоди Ихтиёр кӣ ва чӣ тавр кӯмак расонид?
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо кӯмаки Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Русия ҳафтаи равон ба шаҳрванди Тоҷикистон 150 ҳазор рубл қарзи маош пардохт карда шуд.
Бино ба иттилои котиби матбуоти намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов, ба намояндагӣ сокини ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон Муродзоди Ихтиёр муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки вай дар яке аз тарабхонаҳои тезтайёри шаҳри Маскав кор карда, пас аз нав шудани менеджери ин тарабхона бо сабаҳои номаълум маоши ӯ пардохт нашудааст. Кормандони намояндагӣ бо роҳбарияти тарабхона вохӯрданд ва пас аз суҳбат маоши Муродзоди Ихтиёр пурра пардохт шуд.
Инчунин бо кӯмаки намояндагӣ 22 ҳазор рубл маоши як шаҳрванди дигари Тоҷикистон Иноятова Таҳмина Таваккаловна, ки дар яке аз ширкатҳои клинингии Маскав кор мекард, пардохт карда шуд.
Бино ба маълумоти Иброҳим Аҳмадов соли 2013 беш аз 21 млн рубл маоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баргардонида шуда буд, ки ин нисбат ба соли 2012 ба ҳаҷми 3 млн рубл бештар мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






