Барқияи шодбошии Э. Раҳмон ба Президенти Озарбойҷон
Душанбе, 29.05.2014. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Илҳом Ҳайдарович,
Ба муносибати иди миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон табрикоти самимонаро шахсан аз номи худам, аз номи Ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба ҳамаи мардуми Озарбойҷон ирсол медорам.
Дар Тоҷикистон сатҳи ҳамкории бисёрҷонибаи байни кишварҳоямон, ки тайи солҳои охир ба таври назаррас вусъат ёфтааст, ба дараҷаи баланд арзёбӣ мешавад.
Мо азм дорем, ки бо Озарбойҷон минбаъд ҳам зич ҳамкорӣ намуда, ин саъю кӯшишро бо мазмуни нави ҷавобгӯи тақозои замони ҳозира ғанӣ гардонем.
Аминам, ки сафари пешорӯи расмии Шумо ба Тоҷикистон ба рушду таҳкими ҳамкории мутақобилан муфиди дуҷонибаи мо қувваи нав мебахшад. Мехоҳам Шуморо бовар кунонам, ки Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсадҳои наҷиб ҳамаи кори имконпазирро анҷом медиҳад.
Воқеаи фархундаи имрӯза ба ман имкон медиҳад, ки ба Шумо, муҳтарам Илҳом Ҳайдарович, тансиҳатӣ, саодату комрониҳо ва ба халқи Озарбойҷони бародар сулҳу беҳбудӣ ва шукуфоиро орзӯ намоям».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






