Барқияи табрикотии гурӯҳи ҷавонон ба Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе 23.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Як гурӯҳ ҷавонон дар робита ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ фиристодаанд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Президент! Шуморо ба муносибати 23 май-Рўзи ҷавонони Тоҷикистон аз сидқи дил табрику муборакбод менамоем. Таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Шумо нисбат ба мо- ҷавонон боиси ифтихор ва толеъбаландист. Табрикоти Шумо ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон бори дигар мо ҷавононро рўҳбаланд намуд.
Мо ҷавонон ҷавобан ба ғамхориҳои падаронаи Шумо тасмим гирифтаем, ки барои ободу зебо намудани сарзамини аҷдодиамон Тоҷикистон то ҷон дар рамақ дорем, содиқонаву фарзандона хизмат кунем. Шумо аз рўзҳои аввали роҳбариатон пуштибонӣ аз мо намуда, то имрўз садҳо ҷавонони боистеъдодро аз деҳот ба пойтахт оварда, онҳоро дар зери назорати худ қарор додаед, то истеъдодашон тақвият ёфта, дар оянда барои миллат чун мутахассиси хуб хизмат кунанд.
Мо ҷавонони замони истиқлол аз масъулияти баланди ватандориятон ифтихор намуда, дастуру ҳидоятҳои Шуморо ҳамеша чун рамзи парчами сулҳу ваҳдат болои даст гирифта, дар амал татбиқ менамоем.
Муҳтарам Президенти Тоҷикистон,
Бо истифода аз ин фурсати муносибу таърихӣ бори дигар Шуморо бо Рўзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод намуда, ба Шумо саодати рўзгор, умри дарози пурбаракат ва амалӣ гардидани тамоми ниятҳои некро баҳри пешрафту шукуфоии модари азизу ягона- Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно менамоем»,-омадааст дар барқияи табрикотии гурӯҳи ҷавонони кишвар.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






