Барқияи тасаллияти Э. Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин

Май 23, 2014 09:59

 
Душанбе, 23.05.2014. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Дар Тоҷикистон хабар дар бораи амали террористии дар яке аз бозорҳои Урумчӣ рухдодаро, ки дар натиҷаи он даҳҳо мардумони бегуноҳ фавтида, шумори зиёди аҳолии осоишта зиён диданд, бо ғаму андуҳ дарёфта, онро маҳкум менамоянд.
Ин амали ҷоҳилона бори дигар зарурати таъхирнопазири муттаҳиддии муассири мутақобилаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва шароити решакан намудани зуҳурот ва паҳншавии онро собит менамояд.
Чин дар симои Тоҷикистон ҳамеша шарики қобили эътимод ва содиқро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дорад.
Ҷаноби Олӣ, аз Шумо хоҳиш менамоям, ки ҳамдардии амиқи маро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва таманниёти зуд шифо ёфтани ҳамаи зарардидагонро расонед. 

Май 23, 2014 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд