Баргузории Рӯзи дави миллӣ дар пойтахт

Май 19, 2014 11:09

Душанбе, 19.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- 18-уми май дар Тоҷикистон Рӯзи дави миллӣ баргузор шуд.
Ин пойгаи оммавӣ дар шаҳри Душанбе аз собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии Чорбоғ шурӯъ шуда, дар “Наврӯзгоҳи пойтахт” ба анҷом расид. 
Дар маросими ифтитоҳи Рӯзи дави миллӣ дар пойтахт Руқия Қурбонова, муовини раиси шаҳри Душанбе ва Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон иштирокдорони дави миллиро табрик гуфта, онҳоро ба тарзи ҳаёти солим даъват намуданд.   
Бино ба гуфтаи Маликшо Неъматов сол ба сол шумораи иштирокчиёни ин чорабинӣ бештар мешавад ва ҳадафи аслии Рӯзи дав ҳам солимии ҷомеа аст. «Танҳо миллати солим ва бардам метавонад як ҷомеаи солимро бунёд кунад»,- гуфт М. Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни ифтитоҳи Рӯзи дави миллӣ дар пойтахт.
Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар доданд, дар маросими дави миллӣ дар пойтахт 35 ҳазору 871 нафар иштирок намуда, ба  масофаҳои гуногун давиданд.

Май 19, 2014 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад