Баррасии ҳамкориҳои АИТ бо СБҲИ
Душанбе, 06.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов бо директори генералии Маркази пажӯҳиши таърих, санъат ва фарҳанги Исломии Созмони байналмилалии ҳамкориҳои исломӣ (СБҲИ) доктор Халит Эрен мулоқот намуд.
Тавре ки дар ин бора котиби масъули АИТ Сайёҳат Иброҳимова хабар дод, дар вохӯрӣ сараввал муариффии сохтори Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Маркази пажӯҳиши таърих, санъат ва фарҳанги Исломии Созмони байналмиллии Ҳамкориҳои Исломӣ сурат гирифта, дар ҷараёни суҳбат Фарҳод Раҳимов, президенти АИТ барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ изҳори омода карда, гуфт ки Академия баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳои ду ҷонибаи мустаҳкам кӯшиш менамояд.
Дар навбати худ, доктор Халит Эрен иброз намуд, ки мақсади ташрифаш ба Академияи илмҳои Тоҷикистон на танҳо шиносоӣ бо сохтори ин даргоҳи илм, балки умед аз кумаки ҳамаҷонибаи АИ ҶТ роҷеъ ба баргузор кардани Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушди тамаддуни исломӣ», ки дар шаҳри Душанбе соли 2015 баргузор хоҳад гашт, мебошад.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






