Баррасии ҳамкориҳои АИТ бо СБҲИ

Май 6, 2014 16:52

Душанбе, 06.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов бо директори генералии Маркази пажӯҳиши таърих, санъат ва фарҳанги Исломии Созмони байналмилалии ҳамкориҳои исломӣ (СБҲИ) доктор Халит Эрен мулоқот намуд.
Тавре ки дар ин бора котиби масъули АИТ Сайёҳат Иброҳимова хабар дод, дар вохӯрӣ сараввал муариффии сохтори Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Маркази пажӯҳиши таърих, санъат ва фарҳанги Исломии Созмони байналмиллии Ҳамкориҳои Исломӣ сурат гирифта, дар ҷараёни суҳбат Фарҳод Раҳимов, президенти АИТ барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ изҳори омода карда, гуфт ки Академия баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳои ду ҷонибаи мустаҳкам кӯшиш менамояд.
Дар навбати худ, доктор Халит Эрен иброз намуд, ки мақсади ташрифаш ба Академияи илмҳои Тоҷикистон на танҳо шиносоӣ бо сохтори ин даргоҳи илм, балки умед аз кумаки ҳамаҷонибаи АИ ҶТ роҷеъ ба баргузор кардани Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзӯи  «Рушди тамаддуни исломӣ», ки дар шаҳри Душанбе соли 2015  баргузор хоҳад гашт, мебошад.

Май 6, 2014 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш