Баррасии ҳамкориҳои илмии Тоҷикистону Афғонистон

Май 5, 2014 16:04

 
Душанбе,05.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрӯз президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов бо сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафури Орзу мулоқот кард. Дар вохӯрӣ асосан масъалаҳои илмии байни ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамзабон баррасӣ гардиданд.
Тавре ки дар ин бора котиби масъули АИТ Саёҳат Иброҳимова хабар дод, Фарҳод Раҳимов аз ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, ки солҳои зиёд дар бахшҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштааст, ки дар оянда кӯшиш бар он мекунем, ки ҳамкориҳои илмии байни ин кишварҳоро боз ҳам густариш дода, мустаҳкамтар намоем.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот Абдулғафури Орзу — сафири Ҷумҳурии исломии Афғонистон дар Тоҷикистон фаъолияти  Академияи илмҳои Афғонистонро муаррифӣ намуда, иттилоъ додааст, ки Академияи илмҳои Афғонистон имрӯзҳо дар тобеияти худ Институти илмҳои ҷамъиятшиносӣ, Институти таърих, Институти адабиёт, маркази омӯзиши кушанҳо, маркази омӯзиши забони пашту ва маркази илмҳои табииро доро мебошад ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмии дуҷониба байни Тоҷикистону Афғонистон барои пешрафти илми мамлакаташон хеле муҳим мебошад.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Май 5, 2014 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш