Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ
Душанбе, 28.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дар мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ Йорг Фриден, ки имрўз доир гардид, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо бонки мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар татбиқи лоиҳаи бузурги минтақавии хатти барқи баландшиддати КАСА-1000 ва стратегияи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ барои солҳои минбаъда зоҳир карда шуд.Ҷонибҳо дар мулоқот омодагию ҳавасмандии худро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои молиявии дуҷониба изҳор намуда, аз сатҳи ҳамкориҳои имрўза дар бахшҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ карданд.Хотиррасон бояд кард, ки Йорг Фриден дар гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






