Баррасии ҳолати мониторинги захираҳои об
Душанбе, 27.05.2014. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-Чанд рӯз қабл вохўрии муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Шарифова ва коршиносони кумита бо гурӯҳи намояндагони Пажӯҳишгоҳи муҳити зисти Финляндия баргузор гардид. Мақсади вохўрӣ аз рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи соҳавӣ байни Финландия ва Тоҷикистон иборат буд.
Финляндия ба амалишавии «Барнома оид ба расонидани кумаки амалӣ ба ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об» шурўъ намудааст. Дар доираи барнома баланд бардоштани иқтидори сатҳи мақомоти давлатӣ дар соҳаи назорати ҳаҷм ва сифати захираҳои об ба нақша гирифта шудааст. Ҳангоми вохўрӣ афзалиятҳои стратегӣ оид ба мониторинги захираҳои об, ҳолати мониторинги захираҳои об ва нақшаҳои оянда дар самти мазкур муҳокима шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






