Баррасии фаъолияти китобхонаҳои электронӣ

Май 14, 2014 09:37

  Душанбе,  14.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Рӯзҳои 15-ум 16-уми майи соли равон Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дуюмин конфронси ҷумҳуриявии «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа»-ро дар Душанбе баргузор менамояд. 
Тавре ки дар ин бора аз китобхонаи мазкур хабар доданд, мавзўи кори конфронс  «Низоми фаъолияти китобхонаҳои электронӣ ва ташкили маъхазҳои  иттилоотии интернетӣ дар китобхонаҳои  кишвар» мебошад. Дар назар аст дар кори конфронс наздик ба 50 нафар роҳбарони китобхонаҳои ҷумҳурӣ  ширкат намуда, масъалаҳои алоқаманд дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар китобхонаҳо, ташкили китобхонаҳои электронӣ, ташкили маъхазҳои пурраматни электронӣ дар Интернет ва фаъолияти китобдориро мавриди баррасӣ қарор диҳанд.
 Гуфта мешавад, ки мақсад аз гузаронидани конфронс таъмин намудани китобхонаҳои ҷумҳурӣ бо технологияҳои иттилоотӣ ва компютериву интернетӣ  мебошад.
 
 
 
 
 

Май 14, 2014 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик