Баррасии масъалаи муқовимат

Май 8, 2014 11:06

Душанбе, 08.05.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бино ба иттилои Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, Ассотсиатсияи «Зан ва ҷомеа» 3 сол аст, ки бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории хуб дорад.Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи мазкур бо дастгирии Созмони байналмилалии муҳоҷират ва ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти пешгирии хариду фурӯши одамон, муқовимат бар зидди одамрабоӣ, ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатию аъзои оилаи онҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифаташон кор мебарад.Дар робита ба ин ба наздикӣ Ассотсиатсияи «Зан ва ҷомеа» дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Фемида» дар шаҳри Хуҷанд семинар доир намуд, ки дар он намояндаи раёсати мазкур низ ширкат варзида, дар масъалаи харидуфурӯши одамон ибрози назар кард.Дар чорабинӣ мавзӯи «Механизмҳои амалишавии қонунҳо дар соҳаи муқовимат бар зидди хариду фурӯши одамон» баргузор гардид. Аҳли нишаст дар якҷоягӣ роҳҳои асосии муқовимат бар зидди одамрабоӣ ва траффикро муҳокима намуданд.

Май 8, 2014 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст