Баррасии Паём дар минтақаи Кӯлоб

Май 7, 2014 16:07

  Кӯлоб, 7.05.2014. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймони  Хол).-Паёми имсолаи Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат буда, ҳамчун дастури раҳнамо баҳри рушди ҳамаҷонибаи кишвар хидмат мекунад, аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов бо роҳбарони ташкилоту корхона, фаъолон ва қишрҳои гуногуни ҷомеа дар ноҳияҳои Муъминобод, Ховалингу Шӯрообод мавриди баррасӣ қарор гирифт. Сафаралӣ Раҷабов зикр кард, ки беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, дар давраи истиқлолият бо ин мақсад 42,5 миллиард сомонӣ сарф шудааст. Ҳукумати мамлакат  ният дорад, ки дар 7 соли оянда барои рушди минтақаҳои мамлакат беш аз 110 миллиард сомонӣ равона созад. 
            Ҳамин гуна вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Кӯлоб бо занону духтарон доир шуд. Зикр шуд, ки дар байни аъзои Ҳукумат имрӯз шумораи занон ду баробар зиёд гардида, дар мақомоти олии намояндагии кишвар 11 нафар зан фаъолият дорад. Аз 18 300 нафар хизматчии давлатӣ, ки дар мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо фаъолият доранд, 4315 нафар ё 24 фоизро занон ташкил медиҳанд. 

Май 7, 2014 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик