Баррасии Паёми Сарвари Давлат дар Кумитаи сулҳ

Май 2, 2014 15:50

Душанбе, 2.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Мо шоҳиди он ҳастем, ки ҳар як Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони мамлакат- Маҷлиси Олӣ паёмест аз раванди созандагию ободонӣ ва рушди пояҳои давалтдорӣ дар кишвар», гуфт зимни баррасии Паёми Сарвари давлат Саломат Мироқилова- ноиби аввали раиси ташкилоти ҷамъиятии«Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон» дар ҷаласае, ки дар ин ниҳод баргузор гардид.
Зикр шуд, ки Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёми худ ба Парлумони мамлакат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро ба таври амиқ муайян намуда,  барои беҳтар  гардидани вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ пешниҳодҳои муассир ироа месозад.
Таъкид гардид, ки дар бахши сиёсати хориҷӣ Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва дастовардҳои даврони истиқлоли Тоҷикистонро аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як мақоми давлатӣ ва ҳар як фарди ватандӯст арзёбӣ намуд. Бо таваҷҷуҳи хос ба равобит бо кишварҳои ҳамҷавор Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: “Мо минбаъд низ ба анъанаҳои деринаву созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ содиқ мемонем. Бо ин мақсад дар муносибатҳоямон бо кишварҳои ҳаммарз ба пешбурди сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар, истифодаи воситаҳои дипломативу сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика, афзалияти комил хоҳем дод”.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон густариши равобити ҳасана, равуои озоди одамону нақлиёт ва интиқоли бемамониати сармояву  хизматрасониҳоро дар Осиёи Марказӣ амри зарурӣ номида, таъкид дошт: “Тоҷикистон барои таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ҷонибдори рафъи низоми раводид дар минтақа мебошад”. Ин мавзеъгириҳои Роҳбари давлати мо аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша хостори таҳкими сулҳу дӯстӣ миёни кишварҳои ҳамсоя ва дар маҷмӯъ тамоми сайёра мебошад, таъкид карданд ширкаткунандагони ҷаласа.
Зикр гардид, ки мо бояд Паёми Президенти кишвар ба Парлумонро барномаи амалии хеш қарор диҳем ва фаъолияти худро тибқи нишондоди он ба роҳ монем. Вазифаи мо тибқи ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳилаи кунунии рушди давлатдориамон, ки дар Паём оварда шудааст, густариши фарҳанги сулҳ ва тақвияти ваҳдату ризоияти миллист. Ҳамчунин дар ҷаласа Шамсиддин Каримов-раиси Ассотсиатсияи миллии созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон, Раҳмат Қудратов -раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ, Сураё Уроқова- мудири кулли ширкати «Риэл — Д», Саодатхон Азизова- Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва Мавҷуда Раҳмонова- роҳбари созмони «Муҳоҷирон, гурезагон ва шаҳрвандони эҳтиёҷманд» доир ба паҳлӯҳои афзалиятноки Паёми Сарвари Давлат ба Парлумон ибрози назар намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа таъкид шуд, ки Паёми навбатии Президенти ҷумҳуриро ба Маҷлиси Олӣ пурра ҷонибдорӣ намуда, он барномаи фаъолияти Кумитаи сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон  қарор мегирад.15.16. 
 
 
 
 
 

Май 2, 2014 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад