Беларус фарҳангу тамаддуни худро муаррифӣ менамояд

Май 19, 2014 10:32

 
    Душанбе, 19.05.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки соли оянда дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус баргузор хоҳанд шуд. Олга Гаврук-Сафири фавқулода ва мухтори  Ҷумҳурии Беларус дар Чумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоташ бо Сайдулло Хайруллоев-раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар ин хусус иттилоъ додааст. Дипломати Беларус доир намудани Рӯзҳои фарҳангии кишварашро дар Тоҷикистон чорабинии  бузурги фарҳангӣ ва  омили асосии боз ҳам наздик шудани мардумони ду кишвари дӯсту бародар ва  муаррифии фарҳангу тамаддуни кишвараш ба халқи тоҷик арзёбӣ кард.
Зикр шуд, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ намунаҳо аз бахшҳои адабиёт, санъат, осори таърихиву фарҳангӣ, мусиқии суннатию касбӣ, филмҳои мустанаду ҳунарӣ ва дигар дастовардҳои фарҳангии Ҷумҳурии Беларус ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.

 

Май 19, 2014 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад