Боздиди А. Иброҳим аз «Ширкати алюминийи Тоҷикистон»
Душанбе, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо фаъолияти истеҳсолии Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи Тоҷикистон» шинос шуд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои дастгирии давлатӣ, таҳким бахшидани иқтидори истеҳсолии корхона, таҷдид ва навсозии таҷҳизоти кории он тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Дар асоси ин дастуру супоришҳо дар ояндаи наздик ҳукумати мамлакат бо ҷалби мутахассисони варзида ба таҳияи нақшаи навсозӣ ва таҷдиди коргоҳҳои алоҳидаи ин корхонаи азими саноатӣ, ки аз соли 1975 инҷониб ба истеҳсоли маҳсулот машғул мебошад, иқдом хоҳад кард.
Тавре ки маълум шуд, ҳолати кунунии корхонаи мазкур дар маҷмӯъ хуб буда, новобаста ба мушкилот ва шароити номувофиқи имрўзаи бозори ҷаҳонии алюминий фаъолият дорад.
Муовини Сарвазири мамлакат аснои шиносоӣ бо роҳбарият ва мутахассисони корхона масъалаи ба эътидол овардани иқтидори истеҳсолӣ, истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини гилхок, таҷдиду навсозии таҷҳизоти коргоҳҳои алоҳидаи корхона бо назардошти пешрафт ва навоварии технологияи ҳозиразамони ҷаҳонӣ, таҳкими иқтидори истеҳсолӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири алюминиро мавриди баррасӣ қарор дод.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






