Боздиди Президенти Тоҷикистон аз МОИ Минск
Душанбе, 25.05.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи озоди иқтисодии (МОИ) Мински Ҷумҳурии Беларус ташриф оварда, бо кори он бевосита шинос шуд.Тавре зикр гардид, ин минтақа дар 3 ҳазор га доман паҳн намуда, дар он беш аз 140 ширкати беларусию хориҷӣ бо харҷи 1,2 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақим корхонаҳои истеҳсолии худро сохта ба кор даровардаанд. Дар минтақаи озоди иқтисодии Минск ҳамасола ба андозаи 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маҳсулот истеҳсол мешавад.Таваҷҷуҳи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бештар фаъолияти корхонаи истеҳсолии Алютех ба худ ҷалб намуд. Чунонки иттилоъ доданд, ин корхона ба коркарди алюминийи аввалия машғул буда, аз он маҳсулоти гуногун, аз ҷумла профилҳои алюмининӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол мекунад. Маҳсулоти ин корхона ба 140 кишвари ҷаҳон содир карда мешавад. Зимни суҳбат бо роҳбарияти корхона қарор шуд, ки ҳамкории 2 сол пеш оғозёфтаи он бо Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати алюминийи Тоҷик густариш дода шавад.Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






