Боздошти сокини Ваҳдат бо афюн

Май 7, 2014 14:28

Душанбе, 7.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз муомилоти ғайриқонунӣ 11 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
Тавре ки маркази матбуоти АНМН хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Ваҳдат мошини тамғаи “Opel — Astra” зери идораи сокини 48-солаи шаҳри номбурда боздошт гардид. 
Ҳангоми кофтукови дохили  мошин, аз зери курсии қафо се бастаи селлофанпеч дарёфт шуд, ки дар дохилаш маводи хамирмонанд мавҷуд буд. Сипас, кормандони фаврӣ хонаи истиқоматии боздоштгардидаро аз назар гузаронида, боз як бастаи селлофаниро ошкор намуданд, ки дар дохили он маводи қаҳваранг мавҷуд буд.
«Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи нашъаовари мусодирашуда навъи афюн буда, вазни он 10 килограмму 505 граммро ташкил намуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 200 қ. 4 (муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ё моддаи писхотропӣ бо мақсади фурӯш) оғоз гардида, боздоштшуда ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии агентӣ фиристода шуд.
Дар айни ҳол барои муайян ва боздошт намудани ҳамаи шахсоне, ки ба ҷинояти мазкур даст доранд, корҳои тафтишотӣ идома доранд», — зикр менамояд сарчашма.
 
 

Май 7, 2014 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст