Боздошти сокини Ваҳдат бо афюн
Душанбе, 7.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ аз муомилоти ғайриқонунӣ 11 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
Тавре ки маркази матбуоти АНМН хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаҳри Ваҳдат мошини тамғаи “Opel — Astra” зери идораи сокини 48-солаи шаҳри номбурда боздошт гардид.
Ҳангоми кофтукови дохили мошин, аз зери курсии қафо се бастаи селлофанпеч дарёфт шуд, ки дар дохилаш маводи хамирмонанд мавҷуд буд. Сипас, кормандони фаврӣ хонаи истиқоматии боздоштгардидаро аз назар гузаронида, боз як бастаи селлофаниро ошкор намуданд, ки дар дохили он маводи қаҳваранг мавҷуд буд.
«Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи нашъаовари мусодирашуда навъи афюн буда, вазни он 10 килограмму 505 граммро ташкил намуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ аз рӯи моддаи 200 қ. 4 (муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ё моддаи писхотропӣ бо мақсади фурӯш) оғоз гардида, боздоштшуда ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии агентӣ фиристода шуд.
Дар айни ҳол барои муайян ва боздошт намудани ҳамаи шахсоне, ки ба ҷинояти мазкур даст доранд, корҳои тафтишотӣ идома доранд», — зикр менамояд сарчашма.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






