Бозгашти варзишгарони тоҷик бо ду нишон аз Олмон
Душанбе, 16.05.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Рўзҳои 9-11-уми май соли равон дар шаҳри Дрездени кишвари Олмон мусобиқаи кушоди қаҳрамонии Аврупо оид ба шотокан — СКИФ — карате — до доир шуд, ки дар он 5 нафар аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Маҳмадулло Мирзоев, раиси Маркази рушди шотокан-СКИФ каратэ-дои Тоҷикистон барои аввалин бор ширкат карданд.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, варзишгарони навраси тоҷик аз мусобиқаи мазкур бо ду медал ба ватан баргаштанд. Фозил Фозилови 8- сола дар байни писарони 13 — 14 — сола оид ба каратэ-до соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамони Аврупо шуд ва Аниса Ниёзоваи 7- сола дар байни духтарони 14-15- сола медали биринҷӣ гирифт.
Дар чорабинӣ зиёда аз 1,5 ҳазор варзишгар аз 25 давлат ширкат дошт.
Ёдовар мешавем, ки Маркази рушди шотокан-СКИФ каратэ-дои Тоҷикистон расман соли 2012 дар Федератсияи шотокан-СКИФ каратэ-дои ҷаҳонӣ дар Токио ба кайд гирифта шудааст. Сарфи назар аз он ки Тоҷикистон ба ҳайати кишварҳои Осиё шомил аст, дастаи шотокан-СКИФ каратэ-дои Тоҷикистон расман аз ҷониби Федератсияи шотокан-СКИФ-и Аврупо ба ин мусобиқаи бонуфуз даъват шуда буд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






