Бозгашти Зебо Аминзода бо шаш медал

Май 16, 2014 15:21

        Панҷакент, 16.05.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).-  Ба наздикӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ дар байни ҷавонону наврасон оид ба шоҳмот баргузор гардид. Дар мусобиқа беҳтарин шоҳмотбозони дастаҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду  Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок варзиданд.
     Панҷ нафар шоҳмотбозони шаҳри Панҷакент ҳамчун дастаи яккачини вилояти Суғд дар мусобиқа иштирок намуданд. Дар бозии «рапид» чемпиони соли  2013 Зебо Аминзода, хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №15 маҳорати баланд  нишон дода, сазовори медали тилло гардид. Ӯ дар бозии «классикӣ» низ медали нуқра ба даст овард. 
    Дар бозии «рапид» хонандаи синфи 10-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №71 Қурбонбой Қурбонбоев сазовори ҷои дуюм гардид. Бародари Қурбонбой хонандаи синфи 8-и ҳамин мактаб Комрон дар бозии «Блигз» ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гашт. 
     Дар ҷамъбасти мусобиқа мураббии дастаи яккачини ҷумҳурӣ Неъмат Зиёев гуфт, ки солҳои охир шоҳмотбозони шаҳри Панҷакент дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва спартакиадаҳои байни мактабҳои олӣ ба муваффақиятҳои назаррас соҳиб мешаванд.  
  Албатта, ғалаба дар чунин мусобиқаҳои калон осон ба даст намеояд. Имрӯзҳо барои оммавӣ гардидани шоҳмот дар шаҳри  Панҷакент аз тарафи раиси шаҳр  Хисрави Абдуназар  ғамхориҳои зиёд зоҳир мегарданд.                   
 
 

Май 16, 2014 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст