Бозиҳои даври 7 – уми мусобиқот мавқуф гузошта шуданд
Душанбе, 26.05.2014. (АМИТ «Ховар»). – Бозиҳои даври 7 – уми мусобиқоти Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ, ки ба 31 май пешбинӣ шуда буданд, ба 29 май мавқуф гузошта шуданд.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бинобар иштироки дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар вохӯрии рафиқонаи байналмилалӣ бо дастаи мунтахаби Эстония, ки 7 июн дар шаҳри Таллин баргузор мешавад, раёсати Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки чор бозии даври 7 – уми мусобиқоти ҷумҳурӣ байгнги дастаҳои лигаи олӣ ба 29 май гузаронида шавад.
Ғайр аз ин, бинобар иштироки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U -16) дар мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Хазар – 2014, ки аз 28 май то 7 июн дар шаҳри Боку баргузор мешавад, вохӯрии дастаҳои «Вахш» — и шаҳри Қӯрғонтеппа ва «Регар – ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода дар даври 7 – уми лигаи олӣ ба 17 июн гузаронида шуд. Вохӯрии байни ҳайатҳои ҷавонони ин дастаҳо 16 июн сурат мегирад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






