Бозёфти хумҳои 3000- сола дар Фархор

Май 21, 2014 09:05

Фархор, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ба иттилои директори  Осорхонаи  таърихию кишваршиносии ноҳияи Фархор  Азизулло Муродов аз ҷониби бостоншиносон дар деҳаи  30-солагии  ҷамоати деҳоти Ватан   7 адад хуми  сафолин ёфт шуд, ки таърихи   3000-сола доранд. Ба гуфтаи манбаъ,  хумҳо  аз заминҳои  кишти   пахта бозёфт гардида,  баландии    хумҳо аз 1м 20 см  то   1м 65 см мебошад, ки  хумҳои калонтарин ба шумор мераванд. Дар дохили як хум устухонҳои қисми  поёнии косахонаи сар ва сутунмуҳраи одам дарёфт гардид, ки  дар айни ҳол  дар осорхона ҳамчун ёдгориҳои таърихии     чандинсола  ҷойгир карда   шудаанд. 
Мавриди зикр аст, ки  дар  осорхона   зиёда  450 адад  нигораи таърихӣ мавҷуд мебошад, ки  аксари  бозёфтҳо  ба асрҳои  19 ва 20- и  мелодӣ  тааллуқ доранд.  Дар айни ҳол   аз Академияи бостоншиносии  ҶТ 8 нафар бостоншинос  дар ноҳия    ба кофтукови  ёдгориҳои таърихӣ оғоз намудааст. Гуфта мешавад дар ноҳия 33 ҷои таърихӣ мавҷуд мебошад, ки дар оянда  аз ҷониби бостоншиносон  ёдгориҳои таърихии ин мавзеъҳо пурра муайян  мешаванд.
 
 

Май 21, 2014 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик