Бозёфти хумҳои 3000- сола дар Фархор
Фархор, 21.05.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ба иттилои директори Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Фархор Азизулло Муродов аз ҷониби бостоншиносон дар деҳаи 30-солагии ҷамоати деҳоти Ватан 7 адад хуми сафолин ёфт шуд, ки таърихи 3000-сола доранд. Ба гуфтаи манбаъ, хумҳо аз заминҳои кишти пахта бозёфт гардида, баландии хумҳо аз 1м 20 см то 1м 65 см мебошад, ки хумҳои калонтарин ба шумор мераванд. Дар дохили як хум устухонҳои қисми поёнии косахонаи сар ва сутунмуҳраи одам дарёфт гардид, ки дар айни ҳол дар осорхона ҳамчун ёдгориҳои таърихии чандинсола ҷойгир карда шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар осорхона зиёда 450 адад нигораи таърихӣ мавҷуд мебошад, ки аксари бозёфтҳо ба асрҳои 19 ва 20- и мелодӣ тааллуқ доранд. Дар айни ҳол аз Академияи бостоншиносии ҶТ 8 нафар бостоншинос дар ноҳия ба кофтукови ёдгориҳои таърихӣ оғоз намудааст. Гуфта мешавад дар ноҳия 33 ҷои таърихӣ мавҷуд мебошад, ки дар оянда аз ҷониби бостоншиносон ёдгориҳои таърихии ин мавзеъҳо пурра муайян мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






