Бунёди ду коргоҳ дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ

Май 3, 2014 10:16

Хуҷанд, 03.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар арафаи таҷлили иди Ваҳдати миллӣ дар маркази Суғд  ифтитоҳи ду коргоҳи истеҳсолӣ дар назар аст.    Дар робита ба ин шаҳрдори Хуҷанд аз коргоҳҳои истеҳсолии  шаҳр дидан намуд. 
Тавре ки аз дастгоҳи мақомоти иҷроияи давлатии ҳокимияти шаҳр  иттилоъ доданд, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ду корхонаи саноатӣ, яъне аз коргоҳи  ҶДММ «Таҷпет» ва ҶДММ «Нанотехнология» дидан намуд.
Коргоҳи ҶДММ «Таҷпет» барои коркарди зарфҳои пластикии истифодашуда ва истеҳсоли зарраҳои пластикӣ, ки аз он нахи сунъӣ омода мешаванд, пешбинӣ шудааст.  Дар айни ҳол пас аз насби таҷҳизоти муосир, коргоҳ ба таври озмоишӣ аввалин зарраҳои пластикиро мавриди санҷиш қарор додааст. Дар сурати бо иқтидори пурра фаъолият намудани коргоҳ, имкон ҳаст  то 20 тонна ашёи хоми нахи сунъӣ истеҳсол гардад. 
Сипас шаҳрдори Хуҷанд аз фаъолияти коргоҳи «Нанотехнология» дидан кард. Коргоҳи мазкур дар якҷоягӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Туркия соли равон таъсис ёфта, барои истеҳсоли 4 намуди маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили дару тиреза, хиштҳои дорои ҳаҷми гуногун, болопӯшу девораҳои оҳану бетонӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст. Баробари ба кор оғоз намудани он  100 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд. 
Пас аз шиносоӣ  аз коргоҳҳои мазкур раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, то  корҳои омодагиро  дар коргоҳҳои мазкур вусъат дода, дар арафаи таҷлили иди Ваҳдати миллӣ онро ба истифода диҳанд. 
Дар маҷмӯъ, то интиҳои соли равон  дар нақша дар шаҳри Хуҷанд ба истифодадиҳии 20 коргоҳи нав пешбинӣ шудааст. 

Май 3, 2014 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик