Бунёди ду коргоҳ дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ
Хуҷанд, 03.05.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар арафаи таҷлили иди Ваҳдати миллӣ дар маркази Суғд ифтитоҳи ду коргоҳи истеҳсолӣ дар назар аст. Дар робита ба ин шаҳрдори Хуҷанд аз коргоҳҳои истеҳсолии шаҳр дидан намуд.
Тавре ки аз дастгоҳи мақомоти иҷроияи давлатии ҳокимияти шаҳр иттилоъ доданд, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ду корхонаи саноатӣ, яъне аз коргоҳи ҶДММ «Таҷпет» ва ҶДММ «Нанотехнология» дидан намуд.
Коргоҳи ҶДММ «Таҷпет» барои коркарди зарфҳои пластикии истифодашуда ва истеҳсоли зарраҳои пластикӣ, ки аз он нахи сунъӣ омода мешаванд, пешбинӣ шудааст. Дар айни ҳол пас аз насби таҷҳизоти муосир, коргоҳ ба таври озмоишӣ аввалин зарраҳои пластикиро мавриди санҷиш қарор додааст. Дар сурати бо иқтидори пурра фаъолият намудани коргоҳ, имкон ҳаст то 20 тонна ашёи хоми нахи сунъӣ истеҳсол гардад.
Сипас шаҳрдори Хуҷанд аз фаъолияти коргоҳи «Нанотехнология» дидан кард. Коргоҳи мазкур дар якҷоягӣ бо мутахассисони Ҷумҳурии Туркия соли равон таъсис ёфта, барои истеҳсоли 4 намуди маҳсулоти сохтмонӣ, аз қабили дару тиреза, хиштҳои дорои ҳаҷми гуногун, болопӯшу девораҳои оҳану бетонӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст. Баробари ба кор оғоз намудани он 100 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.
Пас аз шиносоӣ аз коргоҳҳои мазкур раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дастур дод, то корҳои омодагиро дар коргоҳҳои мазкур вусъат дода, дар арафаи таҷлили иди Ваҳдати миллӣ онро ба истифода диҳанд.
Дар маҷмӯъ, то интиҳои соли равон дар нақша дар шаҳри Хуҷанд ба истифодадиҳии 20 коргоҳи нав пешбинӣ шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






