Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
Душанбе, 30.05.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар шуъбаи махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони “Ҳуқуқи ашхоси дорои имконияти маҳдуд” чорабинӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Абдураҳмон Хонзода кӯдаконро бо рӯзи идашон табрик гуфта, дар бораи ҳуқуқу имкониятҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд ҳарф зад.
Дар чорабинӣ бо иштироки кӯдакону наврасони аъзои Китобхонаи миллӣ, инчунин хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №34 шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ доир гардида, аз тарафи роҳбарони Китобхонаи миллӣ ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 1949 дар шаҳри Париж бо қарори конгресси Федератсияи байналмилалии демократии занон 1 июн ҳамчун рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон қабул гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






