Д.Камолиддинов аз мансабаш озод шуд

Май 20, 2014 14:21

    Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар). —  Бо  қарори  Кумитаи  иҷроияи Федератсияи  футболи  Тоҷикистон сармураббии  дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  оид ба  футзал Дамир  Камолиддинов  аз  мансабаш  озод  карда шуд. 
Тавре  ки  аз Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар  доданд,  сабаби  истеъфои Дамир  Камолиддинов дар  мусобиқоти  Осиё омад  накардани  дастаи  мунтахаби  кишвар  аст. Хотирнишон  месозем, ки  футболбозони  Тоҷикистон  дар  ин  мусобиқот  дар  гурӯҳи  «А»  қувваозмоӣ  намуда, дар  се  вохӯрӣ  бозиҳоро бо  ҳисоби  0:5, 4:10 ва  1:6 ба  дастаҳои  Кувайт, Ветнам  ва  Ироқ  бохтанд.
Хотирнишон  месозем, ки  Дамир  Камолиддинов  аз  соли  2001 вазифаи  сармураббии  дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  оид ба  футзалро  иҷро  мекард. Дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон  бо  роҳбарии  ӯ дар 8  даври ниҳоии  мусобиқоти  Осиё  иштирок  карда,  дар  26  вохӯрӣ  10  ғалаба ба  даст  оварда, як  бозиро  мусовӣ  карда,  дар  15  вохӯрӣ  мағлуб  шуд. Тафовути тубҳо  баробари 92 – 152  мебошад.

Май 20, 2014 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст