Д.Камолиддинов аз мансабаш озод шуд
Душанбе, 20.05.2014. (АМИТ «Ховар). — Бо қарори Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал Дамир Камолиддинов аз мансабаш озод карда шуд.
Тавре ки аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, сабаби истеъфои Дамир Камолиддинов дар мусобиқоти Осиё омад накардани дастаи мунтахаби кишвар аст. Хотирнишон месозем, ки футболбозони Тоҷикистон дар ин мусобиқот дар гурӯҳи «А» қувваозмоӣ намуда, дар се вохӯрӣ бозиҳоро бо ҳисоби 0:5, 4:10 ва 1:6 ба дастаҳои Кувайт, Ветнам ва Ироқ бохтанд.
Хотирнишон месозем, ки Дамир Камолиддинов аз соли 2001 вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзалро иҷро мекард. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии ӯ дар 8 даври ниҳоии мусобиқоти Осиё иштирок карда, дар 26 вохӯрӣ 10 ғалаба ба даст оварда, як бозиро мусовӣ карда, дар 15 вохӯрӣ мағлуб шуд. Тафовути тубҳо баробари 92 – 152 мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






