Дар Суғд беш аз 37 кг ҳашиш мусодира шуд

Май 12, 2014 15:46

Душанбе, 12.05.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода). — Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор шаҳрванд Маъруф Шарифов, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Истаравшан, ки пеш бо моддаи 200 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст,  дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ў дар маҷмӯъ 36 кг 790 г маводи  нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
«Ҳамчунин зимни гузаронидани як чорабинии фаврии дигар дар шаҳри Конибодом кормандони милитсия бо ҷурми даст доштан дар ин гуна ҷиноят сокини шаҳри Хуҷанд Ҷаҳонгир Имомқулов, соли таваллудаш 1983-ро дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ў 838-грамм маводи  нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Бояд зикр намуд, ки маводи нашъадори мусодира шуда дар маҷмӯъ 37 кг 628 граммро ташкил дод. 
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад», — зикр менамояд сарчашма.

Май 12, 2014 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст